Пайғом

“Квест” чист?... “Ковиш” аст?

Квест аз калимаи англисии «quest» гирифта шуда, маънояш “ҷустуҷӯ” аст ва дар шакли феъли «to quest» “ҷустуҷӯ кардан”, ё “кашф кардан” тарҷума мешавад.
“Квест” дар айни авҷи бозиҳои компутарӣ хеле маъмул гардид. Аз ин лиҳоз, агар андаке соддатар баён кунем ва дар заминаи унсурҳои бозӣ шарҳ диҳем, квест ин як ҳаркат ба сӯи ҳадафи муайян аст, ки бо ғалаба бар мушкилот ва ҷустуҷӯи чизе ҳамроҳ мебошад.
Шояд аксарият барномаи “Форт Боярд”- ро дар шабакаҳои телевизионии русӣ ва ё англисизабон дар ёд дошта бошанд, ки яке аз намунаҳои барҷастаи квест аст. Аммо унсурҳои квестро дар афсонаҳои халқҳои ҷаҳон низ дидан мумкин аст. Масалан, марги як бадкоре дар сӯзан аст ва сӯзан дар даруни тухм ва тухм дар даруни мурғобӣ...  
Фикр мекунам, ки моҳияти мафҳуми квест фаҳмо аст. Аммо квестро ба забони тоҷикӣ чӣ гуна бояд тарҷума кунем. Пайдост, ки “ҷустуҷӯ” ё”ковиш” тарҷума мешавад. Аммо ба назари мо вожаи “ковиш” барои “квест” муродифи хубе аст ва дар ҳамин маъно истифода кардани он ба мақсад мувофиқ аст:
Ҳафт маъдан ҳусули ковиши ӯст,
Шаш ҷиҳат чашмаи таровиши ӯст. (Бедил)
Ҳамин тариқ, квест (ковиш) як намуди зеҳнии бозиҳои фароғатӣ аст, ки дар давоми он иштирокчиён бояд як қатор монеаҳоро паси сар кунанд, вазифаҳои муайянро ҳаллу фасл намоянд, муаммоҳои мантиқиро ифшо ва ба хотири расидан ба ҳадафи умумӣ, душвориҳои дар роҳ ба миён омадаро бартараф кунанд.
Бояд гуфт, ки квест (ковиш) дар бисёре аз кишварҳо ба сифати яке аз усулҳои фаъолияти таълимӣ хеле хуб пазируфта шудааст.



Навъҳои квест (ковиш)

Аслан, ковишҳоро ба ду навъи асосӣ тақсимбандӣ кардаанд. Яъне ковишҳои воқеӣ, ки дар шароити офлайн, дар биноҳо, майдонҳои варзишӣ, ҷангал ва ё минтақаҳои кӯҳӣ ва ғайра гузаронида мешаванд, ки дар он худи иштирокдорон қаҳрамонони квест ба ҳисоб мераванд ва дар раванди иҷрои супоришҳо мустақима ширкат меварзанд. Дигар ин вебквестҳо мебошанд, ки онҳо аксаран дар фазои маҷозӣ баргузор мегарданд. Агар шумо ба квестҳои  воқеӣ майл дошта бошед, метавонед дар ин бобат дар Интернет маводи заруриро пайдо кунед.
Ҳоло мо бештар дар мавриди квестҳое  ҳарф мезанем, ки маъмулан дар фазои рақамӣ бо истифода аз компутар ва Интернет сурат мегиранд. Дар ин самт  шумораи зиёди квестҳои гуногун мавҷуданд. Онҳоро ба якчанд категорияҳо гурӯҳбандӣ кардан мумкин аст:
- графикӣ яке аз навъҳои бозиҳои саёҳати компютерӣ мебошад. Муносибати бозигар бо ҷаҳони бозӣ дар ингуна бозиҳо бо истифода аз курсор сурат мегирад. Аввалин квестҳои графикӣ дар соли 1980 пайдо шуданд;
муаммо-бозиҳои виртуалӣ, ки гузариши сюжети онҳо бо ҳалли масъалаҳои гуногуни мантиқӣ алоқаманданд. Яке аз машҳуртарин квестҳои муаммо ин Tetris мебошад, ки соли 1984 пайдо шуда, тӯли солҳои зиёд ба бозии хеле маъмул табдил ёфтааст;
романҳои визуалӣ як зернамуди ҷустуҷӯи матнӣ мебошанд, ки дар он ба тамошобин ҳикоя дар расмҳо, аниматсияҳо ё видеоҳои кӯтоҳ нишон дода мешавад. Дар экран тасвире бо мусиқӣ ё садо нишон дода мешавад ва шумо бояд ҷавобро ба савол интихоб кунед. Чунин квестҳо дар Ҷопон пайдо шудаанд ва ҳоло ҳам дар он ҷо хеле маъмуланд;
тренажерхои сайругашт, ки дар онҳо  муаммоҳои м антиқӣ аслан ҷо надоранд.  Мувофиқи сюжет, бозингар ҷойҳоеро меомӯзад, ки бо рангорангӣ ва реализми худ ба ҳайрат меоранд. Ҳангоми таҳияи чунин квестҳо, ба тафсилот ва эффектҳои графикӣ диққати зиёд дода мешавад, то таъсири ҳузурро ҳадди аксар афзоиш диҳад. Барои воқеияти бештар, хӯди виртуалӣ ва консолҳои махсуси дастӣ метавонанд истифода шаванд. Чунин бозиҳо хотимаи муайян надоранд ва ҳама чиз аз амали бозингар вобаста аст;
вебквестҳои омӯзишӣ, ин гуна квестҳо ахиран хеле маъмул шудаанд ва устодон аз онҳо дар раванди дарс фаровон истифода менамоянд. Дар ингуна квестҳо одатан вазифаҳои мушаххаси маънидор ва ҳаяҷонангез, раванд ва марҳилаи иҷроиши вазифаҳо, кор бо захираҳо, аз ҷумла сервисҳои мухталиф, баҳодиҳӣ ва хулоса мавҷуданд. Вебквестҳои омӯзишӣ  аз вазифаҳои мушкилсоз бо унсурҳои бозии нақшофаринӣ  иборат буда, барои ҳалли он захираҳои иттилоотии Интернет истифода мешаванд. Ин гуна вебквестҳо вазифаҳои мухталифро аз фанҳои мухталиф дар бар мегиранд.
Вебквестҳое, ки мо омода кардаем, намунае аз вебквестҳои омӯзишӣ аст ва онҳо ба мавзӯъҳои мухталифи саводи иттилоотӣ-расонаӣ бахшида шудаанд.
Вебквести нахустини мо “Саёҳат ба шаҳри СИР” ном дорад, ки он аз 5 истгоҳ иборат аст. Ба ҳар яке аз ин истгоҳҳо аз рӯи харита баъди анҷоми вазифаи мушаххас мерасед. Дар натиҷаи анҷоми бомуваффақияти ҳар кадоме аз ин вазифаҳо, шумо ба холҳои имтиёзии муайян соҳиб мегардед. Дар яке аз истгоҳҳо шумо ба  вазифаи мушкилзои хоса рӯ ба рӯ мешавед, ки иҷрои бомуваффақияти он  аз дониш ва маҳорату малакаи иштирокдорон вобаста аст. Қабл аз шӯруъ шумо метавонед бо дастури бозӣ ошно шавед.
Маълумотро дар бораи вебквести дуюми мо, қабл аз оғози сабқат интишор хоҳем кард
Инак, омода бошед, то дар вебквести мо ширкат варзед, мушкилотро раҷъ кунед , соҳиби холҳои зиёд шавед ғолибиятро ба даст оваред. Ҳам барои иштирокдорон ва ҳам барои дастаҳо туҳфаҳои хотиравӣ пешбинӣ шудааст.
2022-11-04 11:52 Навид Расонаомӯзӣ