Чаро замони хабарҳои фейкӣ
Замони моро замони хабарҳои фейкӣ мегӯянд. Тайи 7-8 соли охир вожаҳои “фейк” ва ҳам “фейкнюс”, аз маъмултарин вожаҳое ба ҳисоб мераванд, ки вирди забонҳо шудаанд. Истилоҳи "фейкнюс", яъне "хабари ҷаълӣ" дар расонаҳо ончунон зиёд истифода мешавад, ки яке аз қадимтарин фарҳангҳои забони англисӣ – “Коллинз” онро вожаи соли 2017 эътироф кардааст.
Ахбори фейкӣ ё ҷаълӣ чист?
Маънои калимаи “фейк”, агар хеле осон карда гӯем, “дурӯғ гуфтан” ва “фиреб додан” аст. Дар шабакаи ҷаҳонии Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҳама бештар дар бораи “фейкнюс” ё “хабарҳои фейкӣ” сухан меравад, яъне хабарҳое, ки бофтаву сохта ва ё ҷаълӣ мебошанд.
Аслан, хабарҳои фейкӣ падидаи нав нест, аммо асри рақамӣ ё диҷитолӣ ба онҳо як платформаи ҷадиди қудратмандро барои дастёбӣ ба миллионҳо нафар мухотаб додааст. Ахбори ҷаълӣ, нусхаи зишттари ахбори бад эҷодшудае аст, ки маъмулан барои пиёда кардани ҳадафҳои гуногун интишор мешаванд. Иттилооти дурӯғин ба мисоли гурге дар либоси гӯсфанд аст. Аз ин рӯ ин мисраъро бояд ҳамеша дар хотир дошт: "Ман аз гурге ки мепӯшад либоси меш, метарсам". Бешак хабарҳои ҷаълӣ барои ҷомеа хатарнок ва зарароваранд!
Ахбори фейкиро кӣ ва барои чӣ интишор мекунад?
Мақсади фейкҳо, ё касоне, ки фейкҳоро месозанд, фоида гирифтан, ҷалб кардани таваҷҷӯҳи корбарон ба сомона ё платформаи худ ба мақсади пур кардани киссаи худ ё лаззат бурдан аз коре аст, ки анҷом медиҳанд.
Фейкҳое, ки манфиатҳои сиёсиро думбол гирифтаанд, маъмулан бар пояи як навъ низоъ эҷод мешаванд. Ҷангҳое, ки дар ҷаҳон рух медиҳанд, низоъҳои миллӣ ё мазҳабӣ, низоъҳои дохилии сиёсӣ – ҳамаи инҳо аксаран боис мешаванд, то иттилооти бардурӯғ пахш шаванд ва рӯйдодҳоро ангеза бахшанд. Ҳадафи аслии паҳн кардани фейкҳои сиёсӣ ба дурӯғ бовар кунонидани мухотаб, ноором кардани субот, тухми нобоварӣ коштан дар ҷомеа аст.
Дар ин кор одатан аз ташвиқгарон, шахсиятҳои маъруф, инчунин аз троллҳо, корбарони гумноме, ки ҳадафашон барангехтани баҳсҳо ва хашмгин кардани корбарони дигар аст, истифода мешавад. Сабаби дигари эҷоди фейкҳо, чуноне зикр шуд, манфиатҳои молӣ аст. Маъмурони гуруҳ ва ҷомеаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, сомонаҳои иттилоотии "миёнаҳол" ва "камбағал" ва гуруҳи муайяни блогерон дар ин кор манфиатдор ҳастанд ва дар фейкмозӣ ширкат меварзанд.
Зуҳури фейкҳо дар муҳити расонаӣ дар ҷомеа воҳима, изтироб ва ҳисси номуайяниро ба вуҷуд оварда, одамонро гумроҳ ва ба амалҳои беасосу аксар вақт хатарнок ташвиқ мекунад.
Чаро мо ба фейкҳо бовар мекунем?
Бино ба таъкиди коршиносон, мо бештар ба хабарҳое эътимод мекунем, ки ба андешаву бовари мо мувофиқанд, аммо дар баъзе ҳолатҳо на танҳо мавқеи худи мо, балки афкори роиҷ дар ҷомеа низ таъсир мерасонад.
Ҳамчунин, чанд омили дигаре низ вуҷуд доранд, ки эътимоди моро ба фейкҳо тақвият медиҳанд, аз ҷумла:
• Нарасидани афкори таҳлилӣ. Мавҷудияти афкори таҳлилӣ имкон медиҳад ҳақиқат аз фейк фарқ карда шавад;
• Ҳолати эҳсосотӣ. Агар ҳангоми хондани хабар зери таъсири эҳсосот монед, ин ақлро тира мекунад, ва шумо ба хабар камтар аз лиҳози интиқодӣ бархӯрд мекунед.
• Сатҳи пасти саводи расонаӣ ва дарки равандҳои расонаҳо. Дар ин замина фейксозон хуб медонанд, маъмулан одамон шубҳа доранд, ки воқеият аз онҳо пинҳон аст, аз ин рӯ ба осонӣ ба овозаҳо ва иттилооти бардурӯғ дода мешаванд. Фейксозон аз ин осебпазирӣ бомуваффақият истифода мекунанд. Беҳуда намегӯянд, ҳақиқат дилгиркунанда, аммо дурӯғ ҳаяҷонангез аст...
Хабарҳои асл аз дурӯғро чӣ гуна мешавад муайян кард?
Муайян кардани фарқи хабарҳои асл аз ҷаълӣ хеле душвор аст. Дар ин бобат коршиносони мухталиф тавсияҳои гуногун медиҳанд. Албатта, барои ташхиси фейкҳое, ки дар сатҳи ҳирфаӣ сохта шудаанд, боз ҳам муттахассисони ҳирфаӣ ё худ дастаҳои далелсанҷӣ бояд машғул бошанд. Аммо як хонанда ё корбари оддӣ чӣ гуна метавонад, худро аз таҳдиди фейкҳо муҳофизат кунад. Маъмулан хабарҳои фейкӣ бо сарлавҳаҳои пурсарусадо ва кликбейтӣ ба мисли "Олимон аз натиҷаи таҳқиқот шок шуданд... ё "Шумо ҳеҷ гоҳ ба ин бовар намекунед ..." паҳн мешаванд. Муаллифони ин гуна матлабҳо ба ҷойи он, ки иттилооти воқеиро пешкаш намоянд, мехоҳанд, ки шуморо ба чизе бовар кунонанд, ё шакку шубҳаро эҷод кунанд. Дар матни ин гуна хабарҳо хатоҳои зиёди имлоӣ ва иштибоҳҳои чопӣ ҷой доранд. Дар бисёр маврид дар дохили матн ҷумлаҳои пурра иборат аз ҳарфҳои калон ба хотири ҷалби таваҷҷуҳ ва содир кардани ин ё он амал ба назар мерасанд. Маъмулан дар ингуна матлабҳо замони интишори он нишон дода намешавад. Ҳамчунин номи муаллиф ва манбаъ зикр намегардад. Инчунин фейксозон аз доманаҳои шубҳанок ва номҳои таҳрифшудаи сомонаҳои машҳур, ки ба аслашон зоҳиран монанд аст, истифода мекунанд.
Ба ҷойи хулоса.
1. На фақат сарлавҳа, балки хабарро пурра хонед.
2.Манбаи хабарро омӯзед, бубинед, ки онро кӣ навиштааст. Агар лозим бошад, ба манбаъ муроҷиат кунед.
3. Боварӣ ҳосил кунед, ки шумо расонаҳои воқеиро мехонед, на сомонаи қалбакӣ ё матлабҳои ҳисобҳои қалбакиро дар шабакаҳои иҷтимоӣ
4. Ҳеҷ гоҳ барои мубодилаи пайванди матлаби шубҳанок ё ба иштирок гузоштани хабарҳои тасдиқношуда шитоб накунед.
5. Омӯзед, ки то чӣ андоза дар матлаб усулҳои дасткорӣ истифода шудааст.
6. Ба ҳар як иттилоот, бахусус иттилооте, ки ба эҳсосот дахл мекунад, аз назари танқидӣ бархӯрд кунед.
7. Таваҷҷуҳ кунед, оё хабар манзараи пурраи ҳодисаи рухдодаро тасвир мекунад, оё дар он чандин дидгоҳ ва назар пешниҳод шудаанд. Агар вазъият танҳо аз як дидгоҳ ва ба эҳтимоли зиёд ба хотири манфиати кадом шахсе тавсиф шуда бошад, ин ҳушдор аст.
Барои муҳофизати худ ва пешгирӣ аз паҳншавии иттилооти ҷаълӣ мо бояд қоидаҳои оддии баррасии дурустии иттилоотро риоя кунем. Он гоҳ на худамон фирефта мешавем ва ба дигарон низ кӯмак мекунем, ки фирефта нашаванд.