Истед! Агар ҳангоми хондани хабар ё матлаби шабакаҳои иҷтимоӣ шуморо ҳиссиёт фаро мегирад, он ҳайратовару бовар нокарданист ва мехоҳед зудтар ин маълумотро ба дигарон фиристед, каме сабр кунед ва биандешед.
Манбаъро биомӯзед. Бубинед, ки дар паём истинод (такя) ба манбаъҳои боэътимод ҳаст ё не. Манбаъ ё одамони зикршударо омӯзед, ки то куҷо воқеиянд.
Кӯшиш кунед, тавсифи пурраи хабар ё маводро дар дигар манбаъҳо пайдо кунед. Роҳи осонтарин ин ҷустани хабар дар торнамои ҷустории Google аст. Бо ин роҳ шумо метавонед бубинед, ки ин хабарро чанд манбаъи дигар нашр кардааст, то чӣ андоза боэътимод аст ва оё дар ҳамаи манбаъҳо ҳамон як маълумотро менависанд.
Далел ва иқтибосҳоро бо матни аслӣ ё матни манбаъи боэътимод муқоиса кунед. Аксар вақт маълумоти гумроҳкунанда аз матни аслӣ гирифта шудааст, вале онро махсус тағйир додаанд.
Ин амалҳо қобилияти шуморо барои ҷудо кардани маълумоти бардурӯғ аз иттилооти дуруст инкишоф медиҳад, ки дар давраи пандемия хеле муҳим аст.
Кадоме аз қадамҳои дар боло зикршударо шумо аллакай иҷро мекунед? Боз бо кадом роҳҳо хабари бардурӯғро метавон зуд маълум кард?
манбаъ: .се.нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!