Ин махзани махсуси расонаомӯзӣ ба тавсеа ва ташакули саводи расонаӣ ва маърифати расонаӣ дар байни одамони касбу кори гуногун мусоидат хоҳад кард. Муассисони “Медианавигатор” мегӯянд, ки пояи ин лоиҳаро табодули таҷриба ва усули таълими коршиносон аз кишварҳое чун Русия, Украина, Белорус, Латвия, Молдова, Руминия, Гурҷистон, Арманистон, Қирғизистон, Полша ва Олмон ташкил медиҳад ва маҷмӯаи абзори расонаомӯзӣ ё худ тулкити “Медианавигатор” бошад, натиҷаи кори муштаркак аст.
Медиатренери тоҷик Шаҳноз Комилзода дар саҳифаи фейсбукии гуруҳи “Расонасозон” навиштааст, ки ҳангоми ошноии бештар бо махзани мазкур ба суолҳои зиёди худ ппосух гирифтам. Аз ҷумла: чӣ гуна бояд ташхис кард, ки оё хабар ҷаълӣ аст ё не? Чаро ҳамон як ҳодиса дар миёни муштариён вокунишҳои гуногунро ба миён меорад? Барои таблиғот ва реклама аз чӣ воситаҳо истифода мешаванд?
Бино ба таъкиди созмондиҳандагони платформаи мазкур тренингҳое, ки аз рӯи машқҳои “Медианавигатор” гузаронида мешаванд, ба иштирокчиёни он имкон медиҳад, то тафакури интиқодии худро инкишоф дода, малакаю маҳоратҳои амалии кори огоҳона бо расонаҳоро омӯзанд.
mediasavod.tj
#расонаомӯзӣ #саводи_расонаӣ #маърифати_расонаӣ #медиаграмотность #медиаобразование #МИГ #медиа #МЕДИАНАВИГАТОР