Тибқи ин назария, мардум ақидаи худро камтар иброз мекунанд, агар донад, ки онро аксарияти атрофиён қабул надоранд. Ноэл-Нейман инро бо тарси танҳомонӣ (изолятсия) шарҳ медиҳад. Бештари вақт ин тарс дар доираҳои танг зоҳир мешавад: оила, ҳамкорон, ҳамсинфон.
Вақте одамон аз ибрози ақидаи худ худдорӣ мекунанд, ин боиси печида гаштани ақидаашон мегардад: одамон шояд намедонанд, ки дар ҳақиқат фикри онҳоро аксарият ҷонибдорӣ мекунанд ва дар ин миён нуқтаи назари дигар ҳукмфармо ва раднопазир мегардад.
Равоншиноси амрикоӣ Соломон Аш дар соли 1951 таҷрибае гузаронд, ки дар он гурӯҳи донишҷӯён бо баҳонаи санҷиши чашм бояд 18 ҷуфт кортҳоро бояд меомӯхтанд. Дар яке аз кортҳо хате кашида шуда буд ва дар дигар корт се хати рақамии дарозиашон гуногун. Иштирокчӣ бояд хатеро интихоб мекард, ки дарозии он бо хати корти аввал баробар бошад.
Ҳама иштирокчиёни озмоиш тибқи дастурҳо амал мекарданд ва ҷавоби нодуруст медоданд, ба ғайр аз як нафар. Аммо, вақте дигар иштирокчиёни гурӯҳ ҳамон як ҷавоби нодурустро такрор карданд, ин иштирокчӣ низ худро гум кард ва аз паси гурӯҳ варианти нодурустро интихоб кард.
Агар иштирокчии таҷриба ҷавоби дуруст ҳам медод, худро сахт нороҳат ҳис мекард. Дар натиҷа, аз 123 иштирокчӣ 75% ба хатогии аксарият дода шуданд.
Ҳарчанд таҷриба назарияи печидаи хомӯширо тасдиқ мекунад, ин маънои онро надорад, ки ақидаи аксарият ҳамеша ғалат аст ва ақидаи озод ҳамеша дуруст аст. Дар ҳама соҳаҳои ҳаёт таҳлили интиқодии иттилоот хеле муҳим аст.