Пайғом

Тафакури интиқодӣ чист ва дар куҷо онро истифода бояд кард?

Ҳақиқат ва адолат - чунон нуқтаҳои хурд ҳастанд, ки бо аз болои он гузаронидани асбобҳои дурушт, мо ба иштибоҳ роҳ медиҳем. Ҳарчанд  агар нуқтаи асосиро бирасем ҳам, онро махлут месозем. 
Блез Паскал
 

Тафакури интиқодӣ – тафакури дақиқ, комил, мантиқӣ ва мустақил аст. Ин воситаи беҳтар кардани таҳлил ва баҳодиҳии далелҳо аст, ки Шумо метавонед барои худ истифода намоед. 

Барои мисол, бо гирифтани спам-номаҳо ва ё хондани хабар дар ВАО оид ба бемори хатарнок, якбора ба воҳима дода намешавед ва ба дӯстонатон онро намефиристед. Агар тафаккури интиқодии Шумо рушд карда бошад, аввал Шумо ҳолатро таҳлил месозед, кӯшиш мекунед бифаҳмед, ки то куҷо ин хабар воқеъият дорад. Метавонед ба сомонаи Вазорати тандурустӣ ворид шавед (онҷо изҳороти расмӣ ҷой дорад?), хабарро дар сомонаҳои дигар расонаҳои бонуфуз ҷустуҷӯ намоед (оё онҳо дар ин бора навиштаанд?), оид ба ин беморӣ аз Google маълумоти иловагиро пайдо кунед (воқеъан ҳам он хатарнок аст ва чунин зуд паҳн мешавад?), нишонии сомонаеро, ки хабарро паҳн кардаст, бисанҷед. Баъдан мувофиқ ба он маълумоте амал хоҳед кард, ки алакай тавонистед иловатан ба даст оред. Инро тафаккури бошуурона мегӯянд. 

Дар тафаккури интиқодӣ муоширати бошуурона ҷой дорад, ҳалли мушкилоти холи аз худбоваркуниҳо ва худхоҳӣ. Шумо тафаккури интиқодиро барои дарки дилхоҳ масъала метавонед истифода баред. 

Дасткории инсон чӣ аст? Чӣ тавр аз он дар амон буд? Дасткорӣ ё manipulation – ин усули пинҳонии равонӣ аст, ки ҳадафаш маҷбур сохтани инсон ба амалҳоест, ки ба манфиати дасткор равона шудааст. Ин усул бештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ВАО истифода мешавад.

Намехоҳед, ки ба доми дасткории иттилоотӣ биафтед? Манбаҳои ҷониби муқобили иттилоотро таҳлил кунед ва далелҳои умумӣ ва фақкунандаи матлабро муайян созед. Бубинед, ки ин ё он муаллиф чигуна вазъро шарҳ медиҳанд ва фактҳоро бо кадом ҳадаф дар матн истифода кардаанд. Ҳамеша суол диҳед: Чаро маҳз онҳо ин усули баёнро интихоб намуданд? 

Асотирсозӣ – ин сохтани қиссаҳои тахаюлӣ аст, баъзан каме воқеъият дорад ва ё комилан дурӯғ ҳастанд. Ин қиссаҳо одатан зебою ҷолиб менамоянд ва ба ҳодисаҳои “воқеъӣ” ва коршиносони “санҷида шуда” такя мекунанд ва метавонанд ба назар барои ҷомеъа муфид намоянд. Баъзан асотир гӯё дар асоси далелҳои илмӣ такя мекунанд ва бо ин ба ҳикояи тахаюлӣ эътимодро ба вуҷуд меоранд. 

Мавзӯи асотир: аз таърих ва манфиати маводи ғизоӣ ба саломатӣ то ба пайдо шудани қотили ваҳшатнок дар шаҳр. Аз ин рӯ пеш аз хӯрдани содда (маводи кимиёи барои ошхона) барои харобшавӣ ва ё аз ҷунини шаҳвонӣ тарсидан,бовар ҳосил кунед, ки ин қиссаи дурӯғин ё хабари навбатии ваҳшатноки мессенҷерҳо нест. 

#расонаомӯзӣ #саводирасонаӣ #далелсанҷӣ #тафакуриинтиқодӣ #манипуляция #медиаграмотность критическоемышление 

манбаъ: cе нуқта
Расонаомӯзӣ