Чӣ гуна бояд баҳс кард, то зарар набинӣ?
“Сари касеро ба тани хар часпондан ё нисбати касе дашномҳои қабеҳро раво дидан дар сегменти тоҷикии интернет ба нуқтаи авҷ расидааст. Мутахасисон мегӯянд, ин беадабиҳо, ки шабакаҳои иҷтимоиро беобрӯ мекунад, бояд хотима ёбанд”, - дар ин бора радиои "Озодӣ" 10 сол муқаддам гуфта буд. Аз ҷумла изҳор гардид, ки «Одобномаи шаҳрванди электронӣ»-и ба тозагӣ ба тасвиб расида дар Тоҷикистон бо 20 тавсияи худ барои "беадабҳо"-и интернетӣ вазъиятро беҳтар хоҳад кард.
Аммо бо гузашти 10 сол вазъият дар муҳити тоҷикии Интернет чандон зиёд тағйир наёфтааст.
Риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва одоби муошират дар Интернет.
Ҷаҳони муосири иртибототи рақамӣ ва Интернет рафтори одамон ва тарзи муоширати онҳоро куллан тағйир дод. Муҳити маҷозӣ ба маконе табдил ёфтааст, ки мо дар он муошират ва иттилоот мубодила мекунем, хабар меҷӯем, ҳатто кор ва дилхушию саргармӣ мекунем. Аммо, ҳамчуноне, ки дар олами воқеӣ рух медиҳад, дар олами маҷозӣ низ қоидаю қонунҳое, ки рафтори онлайниро танзим мекунанд, халадор мешаванд.
Тавҳину таҳқир, тӯҳмат, иғво, таъқиб, пахши расму наворҳои фаҳшомез, таблиғу тарғиби терорризм ва дигар амалҳои нораво ҳамоно ба чашм мерасанд. Дар ин замина риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, одоби муошират, забон ва арзишҳои миллӣ ва дигар меъёрҳои ахлоқӣ халалдор шуда, дар фазои маҷозӣ худдорӣ аз табъизи миллӣ, забонӣ, динӣ, нажодӣ ва ҷинсӣ ҳамоно фаровон мушоҳида мешавад.
Чаро меъёрҳои ахлоқӣ ва одоби муошират дар Интернет аксар маврид сарфи назар мешаванд?
Барои чӣ корбарон дар баҳсҳои онлайнӣ, ки ғолибан аз назорат берун ҳастанд, ба тавҳин роҳ медиҳанд? Биёед бубинем, ки чаро чунин иттифоқ меафтад ва чӣ гуна бояд дар баҳсҳои онлайнӣ ба қоидаҳои ахлоқӣ ва одоб пойбанд бошем.
Ношинос ё худ аноним будани иртибототи онлайнӣ бисёре аз корбаронро озодии бештаре дода, монеаҳоро бартараф мекунад. Аз ин лиҳоз, одамон дар ҷаҳони маҷозӣ эҳсоси озодии бештар мекунанд, зеро шахсияти онҳо дар пушти номи мустаор ва аватар пинҳон аст. Ин амр эҳсоси масъулиятро дар баробари гуфтаҳо ёизҳороташон коҳиш медиҳад.
Дар интернет ҷонибҳо вокунишҳои ҳамдигарро намебинанд ва ин ҳам боис мешавад, ки одамон дар изҳорот маҳдудиятро коҳиш дода, гуфтумонҳояшон тунду дағал ва гоҳе таҳқиромез гардад.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ синдроми издиҳом амал мекунад. Дар шарҳу эзоҳ ва ибрози назар корбарон майл ба ҳифзи рӯҳияи асабонияти умумро доранд, ҳатто агар худашон онро ба иштирок намегузоранд. Бо дидани шарҳу эзоҳҳои пурхашму ғазаби дигарон, корбарон низ таҳаммулнопазирӣ ва асабоният намоиш медиҳанд.
Мавзӯъҳои ҳассос барои баҳсу мунозира туғёни эҳсосотиро бармеангезанд. Илова бар ин, бархе аз корбарон бо мақсади дарёфти лайк ва шарҳҳои бештар ва ба хотири маъруфият, амдан ҷанҷолҳо барпо мекунанд ва дигаронро ба барангехтани низоъ таҳрик медиҳанд. Дар натиҷа, баҳс табдил ба таҳқиру иғво мешавад.
Нетикет, Сетикет, Этикет – одобномаи муҳити рақамӣ чӣ медиҳад?
Чуноне ишора шуд, дар олами маҷозӣ низ қоидаю қонунҳои танзимкунандаи рафтори онлайнӣ амал мекунанд, ки онҳоро дар кишварҳои гуногун Нетикет, Сетикет, Этикет ва ғайра ном мегиранд. Дар Тоҷикистон “одобномаи шаҳрванди электронӣ”, ки шакли кутоҳи онро эТИКет мегӯянд, қабул шудааст ва он этикаи дастрасӣ, истифода, татбиқ ва амалҳои дигари вобаста ба ТИК-технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсиониро дар назар дорад.
Дар эТИКет густариши маъмултарин шиори ниёконамон "Пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек" дар муҳити рақамӣ новобаста аз макону замон ҳадафи асосӣ эълон шудааст. Дар тафсири ин санда таъуид мешавад, ки эТИКет қонун нест ва мутобиқи он касе ба ҷавобгарӣ кашида намешавад. Аммо он ҳуҷҷатест, ки кас метавонад бо зеҳн ва виҷдони худ эътироф намояд.
Чӣ гуна шарҳ навишт ва баҳс кард, то зарар набинӣ?
Барои он, ки баҳсҳои маҷозӣ аз рӯи одоб ва босамар ҷараён гиранд, иштирокчиён бояд ба чанд асолати оддӣ пойбанд бошанд:
- Ба ақида ва андешаҳои дигарон эҳтиром бигузоред. Суханро қатъ накунед, бигзор ҳамсуҳбати шумо гап занад. Новобаста аз туғёни эҳсосот аз таҳқир худдорӣ кунед ва ба шахсият дахл накунед.
- Мавқеи худро бо далелҳо, бидуни изҳороти беасос дифоъ кунед. Яъне аз эҳсосот кор нагиред, балки ба далелҳо такя кунед.
- Ҳангоми изҳори назар аз таҳқиру бадгӯӣ худдорӣ кунед ва услуби муоширати кориро риоя намоед. Ба иғвогариҳои троллҳои ошкор гирифтор нашавед.
- Созанда бошед, ба ҷои танқид роҳҳои ҳалли алтернативиро пешниҳод кунед.
- Фикру мулоҳизаҳоро возеҳу равшан ва дақиқ баён кунед. Қоидаро вайрон накунед, бигзор дигарон низ гап зананд. Баҳсро аз масъалаи асосӣ дур мабаред.
- Меъёрҳои забони адабиро риоя кунед. Аз алфози зишту қабеҳ истифода набаред.
Чӣ гуна тавсияҳо мавҷуданд ё ба ҷойи хулоса
Дар баробари он, ки боодоб ва боэҳтиром бошед, зарур аст, ки роздор бошед ва иттилооти шахсии худ ё дигаронро мубодила накунед. Ҳисобҳои худро дар фазои маҷозӣ бо гузарвожаҳои боэътимод муҳофизат кунед.
Пеш аз интишори иттилоот онро тафтиш кунед. Ба ҳар чизе ки дар интернет мехонед, бовар накунед. Далелҳоро бо истифода аз манбаъҳои мустақил тафтиш кунед.
Обрӯ ва нуфузи рақамии худро нигаҳ доред. Дар хотир дошта бошед, ки ҳама гуна маълумоте, ки шумо интишор мекунед, метавонад то абад дар Интернет маҳфуз бошад.
Аз кликбейт ва қаллобӣ худдорӣ намоед. Ба қонун ва қоидаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ пойбанд бошед ва риоя кунед. Ҳуқуқҳои муаллифиро эҳтиром кунед ва аз нашри муҳтавои ғайриқонунӣ худдорӣ намоед.
Бо риояи ин маслиҳатҳо шумо метавонед дар ташаккули фарҳанги муошират дар фазои интернет саҳм гузоред. Ва ин муҳим аст, зеро сатҳи баҳсу мунозираҳои ҷаҳони маҷозӣ ба муоширати зиндаи одамон низ таъсир мегузорад. Бо риояи ин қоидаҳои оддии одоби маҷозӣ, мо метавонем муколамаи воқеан муфид дошта бошем ва аз муоширати онлайнӣ бештар баҳра барем.

Бо «Одобномаи шаҳрванди электронӣ» шинос шавед: