Пайғом
Қоидаҳои вебквести "Саёҳат ба шаҳри СИР"
“Саёҳат ба шаҳри СИР” ин нахустин вебквесте, ки мо бароятон пешкаш мекунем. Шаҳри СИР як шаҳри рамзӣ ва шакли ихтисоршудаи саводи расонаӣ-иттилоотӣ аст. мутобиқ ба харитаи сафар то расидан ба шаҳри СИР шумо дар 5 истгоҳ тавваққуф мекунед ва дар ҳар кадоме аз онҳо бояд вазифаеро иҷро кунед.
Масалан, дар Истгоҳи 1 шуморо бозии "Роҳи раҳоӣ куҷост?" интизор аст. Аслан, "Раҳоӣ аз хона" як навъ бозии маъмулӣ дар квест аст, ки бозигар бояд дар заминаи тафаккури интиқодӣ, корбасти мантиқ, эҷодкорию мушоҳида корӣ шартҳои бозиро иҷро карда, худро аз хона раҳо кунад.
Дар бозие, ки мо омода кардем, шумо вориди толори варзишӣ мешавед. Барои он, ки аз толори варзишӣ берун оед, бояд хеле бодиққат бошед ва аз рӯи мантиқ кор гиред.
Дар толор абзору анҷоми зиёде мавҷуданд. Ҷойи онҳоро тағйир диҳед, аз роҳнамоиҳо барои равшан шудани мушкилоте истифода кунед, рамзҳоро бо истифода аз рақамҳои дар толор ба чашм намоён ва ноаён ошкор намоед ва ба суолҳо ҷавоб диҳед.
Дар ин бозӣ, баъди он, ки ба ҳамаи 4 суол ҷавоб мегӯед, метавонед дари толори варзиширо боз карда, худро раҳо кунед.
Сипас, ба истгоҳи 2 мерасед. Бозие, ки дар инҷо шумо шартҳои онро иҷро кунед, "Калимаҳоро ба ҷойи худ гузоред" ном дорад. Дар ин саҳифа таърифи вожаи "тролл" пешкаш мешавад ва дар он 11 хоначаи холӣ вуҷуд дорад, Вазифаи шумо аз он иборат, ки дар ин 11 хоначаи холиро бо калимаҳои дахлдор пурра кунед. Дар сутуни дигар 13 калимаю ибораҳо оварда шудаанд, ки аз онҳо бояд хоначаҳои холӣ пур карда шаванд. 2 калимаи изофӣ боқӣ мемонад. Вақте, ки ин вазифа иҷро гардид, натиҷаҳои бозиатонро дар саҳифаи блокнот, ки дар тарафи чап ҷой дорад, ёддошт мекунед.
Дар истгоҳи 3 шуморо як вазифаи хеле ғайриинтизора, ки мушоҳидакориро талаб мекунад, интизор аст. Ин бозӣ "Аксҳоро муқоиса намоед ва тафовутҳоро дарёбед" ном дорад. Ин ҷо ду акс гузошта шудааст. Аввалӣ акси асл аст, дуюмӣ тағйирдодашуда. Шумо бояд дар муқоиса бо акси аввал дар акси дуюм 7 тафовутро дарёбед ва бо истифода аз курсор ҷойи онҳоро ишора намоед.
Шумо афсонаро дӯст медоред, ба хусус афсонаҳои халқи тоҷикро? Агар дӯст доред, пас викторинаи навбатӣ дар Истгоҳи 4 барои шумост, ки савтӣ аст. Дар ин бозӣ шумо порчаҳои савтии аз афсонаҳо гӯш карда, ҷавоби дурусти суолҳоро дармеёбед.
Дар ҳар кадоме аз ин истгоҳҳо вақте, ки вазифаро иҷро мекунед, соҳиби холҳои муайяни имтиёзӣ мешавед. Аммо холи бештарро, шумо дар бозии "Рост ё дуруғ" метавонед ба даст оред. Дар ин бозӣ шумо бояд пуфакҳоро бо калимаҳои калидӣ вобаста ба тавсифашон болои вагонҳои дахлдор, ки навиштаҷоти "рост" ё "дуруғ" доранд, соқит кунед. Яъне, агар тавсифи калимаи калидӣ рост бошад, онро болои вагон бо ишораи "рост" ва агар дурӯғ бошад, болои вагон бо ишораи "дурӯ"ғ шинонед. Зинаҳои бозӣ метавонанд хеле зиёд бошанд ва миқдори онҳо мутаносибан аз ҷавобҳоятон саҳеҳи шумо вобастагӣ дорад. Дар бозӣ холҳои зиёд гирифтанатон имконпазир аст ва ин бозӣ метавонад шанси шуморо барои ғолибият дар ин квест бештар кунад.
Қабл аз ҷамъбасти сафар ба шаҳри СИР бароятон боз як бозии дигар аз квизҳои қаблиамон пешкаш мешавад, ки "Синамочистон" ном дорад. Баъди иҷрои ин вазифа Шуморо ба саҳифаи дигар ҳавола мекунанд. Дар саҳифаи минбаъда дар қисматҳои гуногуни дохили хона 7 адад ҳарфҳои тоҷикӣ пинҳон карда шудаанд. Онҳоро бояд бо истифода аз пурбин дарёбед. Аз ҷамъи ҳарфҳо ва дуруст ҷо ба ҷо кардани онҳо номи як филми тоҷикӣ ҳосил мешавад. Ин номро дар хотир гиред ва танҳо баъди ин бикӯшед, барои берун шудан аз хона аз тиреза истифода намоед. Барои ҳалли миниквиз ҳамагӣ 3 дақиқа вақт доред.
Баъдан Шумо бояд номи филми тоҷикиро, ки вожаи рамзӣ ба ҳисоб меравад, дар форми махсус навишта ирсол медоред.
Вебквест то соати 12.00 рӯзи душанбе, яъне 7 ноябр боз аст. Баъдан натиҷаҳои иштирокдорон арзёбӣ ва ҷамъбаст мешавад. Ҳар касе, ё дастае, ки дар мӯҳлати кӯтоҳ вазифаҳоро иҷро карда, соҳиби холи бештарин мешавад, ғолиби квест эълон мегардад, соҳиби сертификат ва соати ҳушманд хоҳанд шуд.
Инак, омода бошед, то дар вебквести мо ширкат варзед, мушкилотро рафъ кунед, соҳиби холҳои зиёд шавед ғолибиятро ба даст оваред. Ҳам барои иштирокдорон ва ҳам барои дастаҳо туҳфаҳои хотиравӣ пешбинӣ шудааст.
mediasavod.tj
2022-11-05 13:07
Навид
Расонаомӯзӣ