Пайғом

ДАРСИ 2. НАВОРИ ОМӮЗИШИИ ҚАДАМИ ДАЛЕЛСАНҶӢ

www.wolframalpha.com – барои корҳои илмиву маълумотҳои гуногун пешбинӣ шудааст. Дар ин сомона маълумотҳои хеле зиёдро дарёфт намудан мумкин аст. Сомонаи мазкур ҳатто имконияти ҳалли масъалаҳои мухталифи илмҳои гуногунро пешниҳод мекунад. Яке аз вазифаҳои ин сомона дар он зоҳир мешавад, ки вазъи обу ҳаворо дар дилхоҳ таърихи рӯз муайян кардан мумкин аст. Маҳз ҳамин қадамро барои шумо меомӯзем, зеро бо муайян намудани вазъи обу ҳаво шумо имконияти фаҳмидани асли воқеро дар ҳамон рӯз пайдо мекунед. Мушкиллии ҷустуҷӯ дар ин сомона дар он аст, ки бештари маълумотҳоро бо забони англисӣ пешниҳод месозад.
Мавод: сомона
Вазифа: муайян намудани вазъи обу ҳаво дар таърих
Абзор: https://www.wolframalpha.com/

Қадами 1
Абзори «wolframalpha.com»- ро боз мекунем.


Қадами 2 ва 3
Агар шумо забони англисиро надонед таърихи ба шумо заруриро дар ягон намуди «тарҷумон» (масалан, Google переводчик) аз забони русӣ ё тоҷикӣ ба англисӣ тарҷума мекунед ва мантни англисиро нусха (копировать) карда мегиред. Масалан, обу ҳаво дар Душанбе, Тоҷикистон 20.09.1996.

Матни нусхашударо дар сомонаи «wolframalpha.com» дар ҷои ҷустуҷӯ мегузоред ва тугмаи «Enter»-ро пахш мекунед. Агар шумо забони англисиро донед, метавонед онро худатанон нависед.


Қадами 4
Барои шумо вазъи обу ҳаворо дар таърихи навиштаатон бароварда медиҳад. Шумо бо поён намудани саҳифа маълумотҳои ба худатон заруриро хонда метавонед. Маслан, дараҷаи ҳаво, сатҳи боришот, вазъи шамол ва ғайра дар ҳамон рӯз бо соатҳояш нишон дода шудааст.


Дар зер бо навори дарси мо шинос шуда метавонед, ки қадамҳои боло дар он нишон дода шудааст:


Маводи мазкур бо кӯмаки мардуми Амрико, ки аз тариқи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ расонида мешавад ва дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи MediaCAMP, ки аз ҷониби Internews бо дастгирии молиявии USAID амалӣ мегардад, омода шудааст. ТҶ "Имкон" ва гурӯҳи эҷодии mediasavod.tj барои муҳтавои ин нашрия масъул буда, шарт нест, ки он мавқеи USAID ё Ҳукумати ИМА ё Internews-ро инъикос намояд.

#mediasavodtj #rasonashinosi #comictj #internewstj #rasonasozon #USAID #MediaCAMP 
#MediaTJ #Internews #саводирасонаӣ #тафаккуриинтиқодӣ #фактчекинг #далелсанҷӣ 
#медиаграмотность #цифроваяграмотность
2021-06-03 00:06 Расонаомӯзӣ