Дарси расонаомӯзӣ

Лоиҳаи "Роҳ ба сӯи хирадмандии рақамӣ"

Ҳадафи лоиҳа таҳияи дарсҳои мухтасари омӯзишӣ дар қолаби комиксҳо ба хотири ҳалли мушкилоти ҷавонон дар самти таълими асосҳои саводи рақамӣ аст. Мо дар ин замина 10 мавзӯъро интихоб кардаем, аммо ин қарори қатъӣ нест. Имкон дорад, бо дарназардошти пешниҳод ва 


андешаҳои муштариён мо онро тағйир диҳем. Аз ин лиҳоз, аз шумоён эҳтиромона хоҳиш дорем, то дар пурсиши мо фаъолона ширкат варзед ва назари худро иброз намоед. Инак, ин 10 мавзӯи интихобкардаи мо:


1. Ҷустуҷӯ, боркашӣ ва ҳифзи иттилоот.
2. Иттилоот ва интернети бехатар.
3. Ҳифзи маълумоти шахсӣ
4. Фоббинг ва натиҷаҳои он
5. Чӣ гуна бо тавҳин дар Интернет мубориза бурд?
6. Таҳдидҳои сайберӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ
7. Вирусҳои компютерӣ ва муҳофизати дастгоҳҳои диҷитолӣ.
8. Троянҳои бонкӣ чист ва чӣ гуна аз онҳо халос шуд. Фишинг.
9. Тиҷорати интернетӣ ва хавфҳои он.
10. Одоби муоширати рақамӣ чист ва чаро дар ин бора бояд донем?

Оё шумо мавзӯҳои моро ҷонибдор ҳастед ё пешниҳоде доред? Агар, андеша ё пешниҳоде дар ин бобат дошта бошед, метавонед онро зери ин матлаб ёддошт кунед.

Маводи мазкур бо кӯмаки мардуми Амрико, ки аз тариқи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ расонида мешавад ва дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи MediaCAMP, ки аз ҷониби Internews бо дастгирии молиявии USAID амалӣ мегардад, омода шудааст. ТҶ "Имкон" ва гурӯҳи эҷодии mediasavod.tj барои муҳтавои ин нашрия масъул буда, шарт нест, ки он мавқеи USAID ё Ҳукумати ИМА ё Internews-ро инъикос намояд.


#mediasavodtj #rasonashinosi #comictj #internewstj #rasonasozon #USAID #MediaCAMP #MediaTJ #Internews #саводирасонаӣ #тафаккуриинтиқодӣ #фактчекинг #далелсанҷӣ #медиаграмотность #цифроваяграмотность
Комиксҳо