Иқдоми мазкур бо мақсади таъмини сатҳи огоҳии устодони факултетҳои журналистика доир ба навгонӣ ва таҳаввулоти соҳа роҳандозӣ гардида, дар доираи он ба иштирокдорон аз махсусиятҳои жанрҳои нави журналистӣ, усул ва тарзи муосири пешниҳоди мавод, талаботи сарлавҳагузорӣ ва журналистикаи рақамӣ омӯзонида шуд.
Таъкид гардид, ки ташкил ва гузаронидани тренингҳои омӯзишӣ барои омӯзгорон омили муҳими баланд бардоштани сифати таҳсилот дар донишгоҳҳо ва ғанӣ гардонидани сатҳи саводнокии донишҷӯён маҳсуб меёбад.
Дар ҷамъбаст ба иштирокчиёни тренинги омӯзишӣ аз ҷониби "Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ дар Тоҷикистон" (IWPR) шаҳодатнома тақдим карда шуд.